Бар асоси муоҳидаи Ҳирманд, ки дар соли 1972 ба имзои мақомоти вақти Эрон ва Афғонистон расид, саҳми Эрон аз оби рӯдхонаи Ҳирманд муодили 820 миллион метри мукааб дар сол ва дар ҳудуди 26 метри мукааб дар сония аст, ки албатта дар моҳҳову фаслҳои мухталиф тафовут мекунад.
Давлати қаблии Афғонистон, ки иддаои таъмини ҳаққобаи Эронро дошт, бо эҳдоси садди Камолхон дар вилояти Нимрӯз бар рӯи рӯдхонаи Ҳирманд, амалан монеъ аз иҷрои ин паймон шуд, ки хисоратҳои фаровонеро ба зиндагии инсонӣ, ҷонварӣ ва гиёҳии ҳавзаи перомунии рӯдхонаи Ҳирманд дар хоки Эрон, ба хусус дар устони Систону Балучистон ворид кард.
Ба гузориши Идораи кулли итилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа баёнияи содира аз сӯи ҳукумати муваққати Толибони Афғонистон дар бораи ҳаққобаи Ҳирмандро мутаноқиз ва нодуруст донист ва бо радди он эълом кард: Муоҳидаи байни Эрону Афғонистон роҷеъ ба оби рӯди Ҳирманд ба таври сареҳ ва бидуни ҳеҷ ибҳоме ҳаққобаи тарафи эронӣ аз рӯдхонаи Ҳирмандро таъйин кардааст.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Эрон омадааст: Муоҳидаи байни Эрону Афғонистон дар бораи оби рӯди Ҳирманд ба таври сареҳ ва бидуни ҳеҷ ибҳоме ҳаққобаи тарафи эронӣ аз рӯдхонаи Ҳирмандро таъйин кардааст. Ин ҳаққоба ҳақе қонунӣ, айнӣ ва муайян будаву Афғонистон мутааҳҳид аст ҳаққобаи мазбурро таъмин кунад.
Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҳокимони Афғонистон дар якуним соли гузашта агарчӣ борҳо бар пойбандӣ ба тааҳҳудоти худ тибқи муоҳида таъкид кардаанд, аммо дар амал тааҳҳудоти ношӣ аз муоҳидаро иҷро накарда ва дар раҳосозиву таъмини ҳаққобаи Эрон ҳамкории лозимро ба амал наёвардаву ҳаққобаи қонунии Эронро таҳвил надодаанд.
Дар ин баёния омадааст: Изҳороти мутааддид барои таҳвил надодани ҳаққобаи қонунии Ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла тарҳи мавзӯи хушксолӣ ва кам шудани об дар Ҳирманд мусталзими баррасиҳои коршиносӣ, вифқи мафоди муоҳида буда ва то кунун тавассути коршиносони Ҷумҳурии исломии Эрон ростиозмоӣ нашудаву иттихози чунин мавозее ғайриҳуқуқӣ ва ғайри қобили қабул аст.
342/